14 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Сербия ва Черногория дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Милан Рочен эътимоднома қабул кард.
Дар сӯҳбате, ки байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сафири нави Фавқулодда ва Мухтори Сербия ва Черногория Милан Рочен баъди анҷоми маросими қабули эътимоднома доир гашт, масоили ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Сербияву Черногория муҳокима шуданд.
"Дар стратегияи сиёсати хориҷии кишвари мо рушди муносибатҳо бо давлатҳои Аврупои Шарқӣ, ки бо Тоҷикистон робитаҳои дерини таърихӣ доранд, ҷои махсусро ишғол мекунад. Аз ин хотир ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Сербия ва Черногория низ аз масъалаҳои муҳим хоҳад буд", - изҳор дошт дар оғози сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Дар мулоқот атрофи ба роҳ мондани робитаҳои судбахши сиёсӣ дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, Барномаи "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ"-и Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва дигар созмонҳои бонуфуз сурат гирифт.
Мусоҳибон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар партави Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод ва савдо, ташкил додани комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мавриди муҳокима қарор дода, баҳри зарурати таҳким ва густариши робитаҳои мутақобилан судманд назари ягона баён доштанд.