Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои табрикӣ аз як қатор сарони давлату ҳукуматҳои ҷаҳон

10.01.2007 14:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ба муносибати иди Соли нави 2007 ба унвони сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони бисёр созмонҳои байналхалқию минтақавӣ барқияҳои шодбош фиристод.

Дар навбати худ сарони бисёр давлату ҳукуматҳои ҷаҳон Президенти Ҷумҳурии мо Эмомалӣ Раҳмоновро ба ин муносибат табрик намуданд. Аз ҷумла ба унвони Э.Раҳмонов аз номи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷорҷ Буш, Президенти Ҷумҳурии Фаронса Жак Шерак, раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао, Президенти Ҷумҳурии Федероли Олмон Хорст Кёллер, Шоҳи Испания Хуан Карлоси дуюм, сарвазири Британияи Кабир Тони Блер, Сарвазири Ҷопон Синдзо Абе, Канслери Федералии Олмон Ангела Меркел, Президенти Давлати Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Владимир Воронин барқияҳои шодбош ворид гардиданд.

Вуруди барқияҳои шодбош ба унвони сардори давлат давом дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520