Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

10.01.2007 16:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов роҳбарони як қатор мақомоти назди вазорату идораҳои ҷумҳуриро ба вазифаҳо таъин намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қабл аз амалӣ намудани таъиноти кадрӣ бо нафарони ба вазифаҳои пурмасъули роҳбарияти мақомоти назди вазорату идораҳои мамлакат таъиншаванда бо иштироки роҳбарони вазоратҳои дахлдор сӯҳбат доир намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зимни сӯҳбат таъкид дошт, ки марҳилаи навини рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва вазифаҳои барои ин даврон муайяншуда, ки пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гаштаанд, аз роҳбарони тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳар як фарди баору номуси кишвар заҳмати шаборӯзиро ба манфиати давлату миллати хеш тақозо мекунад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов бо назардошти ин масъулияти гарон аз кадрҳои ба вазифаҳои муҳимми давлатӣ таъиншаванда бо дасту дили пок ва бо садоқат ба халқу Ватан заҳмат кашиданро талаб намуд.

Кадрҳои ба вазифаҳои мазкур таъиншаванда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов қавл доданд, ки барои инкишофу пешрафти босуботи кишвар ва таъмини зиндагии шостаи мардуми Тоҷикистон дар мӯҳлатҳои муайяншуда тамоми донишу маҳорат ва нерӯю тавоноии худро равона хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520