Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири омӯзишу парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Фаршеди

18.01.2007 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Вазири омӯзишу парвариши Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Фаршедиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Эрон, хусусан дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифт.

"Таъмини равобити дӯстона ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз самтҳои муҳимтарини стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст", изҳор дошт зимни сӯҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин барои чопи 400 ҳазор нусха китобҳои дарсии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва ҷудо намудани 100 квота барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳбарияти ин давлати дӯсту ҳамзабон изҳори сипос намуд.

Мусоҳибон оид ба самтҳои гуногуни ҳамкориҳои таҳсилотӣ, илмию адабӣ ва фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов оид ба наздиксозии стандартҳои таълим ва таҳсилот, ҳамгунсозии истилоҳоти фаннӣ ва тахассусӣ, ворид сохтани забони тоҷикӣ ё форсӣ дар шабакаҳои Интернет ва низоми муосири иттилоотӣ, ҳамкорӣ дар тарбияи мутахассисон ва кадрҳои илмӣ бар асоси меъёрҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва таҷрибаи арзишманди худӣ як қатор пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт, ки мавриди дастгирӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба ҳамкории судбахши минтақавӣ дар самтҳои мазкур аз ҷумла байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, ки се кишвари ҳамзабону дорои умумиятҳои зиёди фарҳангианд, мубодилаи судманди афкор карда, омодагӣ ва ҳавасмандии худро бори дигар таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520