Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон

10.05.2016 09:10, шаҳри Душанбе

Нахустин ташрифи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Қасри Миллат оғоз ёфт.

Барои пешвози меҳмони олимақом майдони назди Қасри Миллат ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани сурудҳои миллии ду кишвар шуруъ шуда, бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Афғонистон идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ бо гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ оғоз ёфта, сипас дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520