Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

11.05.2016 19:07, шаҳри Душанбе

Ҳамчунин имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шарифро, ки барои иштирок дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният,фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Тавре таъкид гардид, заминаҳои ҳуқуқии ҳамкории гуногунҷабҳаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Покистон дар 50 санади байниҳукуматию байниидоравӣ таҷассум ёфта асоси рушди муносибатҳои байнидавлатиро дар ҳама соҳаҳо таъмин менамоянд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои ҳар ду кишвар барои расидан ба мақсадҳои манфиатбор дар роҳи татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 самараи нек ба бор оварда дар рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ нақши муассир мегузорад.

Дар мулоқот барқарор гардидани робитаҳои мустақими ҳавоӣ дар хатсайри Душанбе-Лоҳур муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ гардида барои таъмини бозорҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон бо меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳо аз Тоҷикистон изҳори омодагӣ карда шуд.

Ҳарду ҷониб доир ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳ аз ҷумла рушди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ,таҳккими робитаҳои нақлиётию транзитӣ, расидан ба натиҷаҳои баланди ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои дигари афзалиятноки энергетикӣ ва роҳу нақлиётӣ, иштирок дар таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва рушди муносибатҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзию тандурустӣ табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот дигар масоили барои ҳарду ҷониб муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520