Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт

15.05.2016 16:03, Кувайт

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт нимаи дуюми рӯз дар толори бузурги Девони Амир баргузор гардид.

Зимни вохӯрии самимию дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маҷмуи васеи масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози музокироти дуҷониба изҳор дошт, ки: “Мақсад аз кӯшишҳои мо дар самти тақвияти минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, гузаштан ба марҳилаи нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт мебошад”.

Зимни суҳбати созанда ва дӯстонаи тарафҳо таъкид карда шуд, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олию баланд омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд.

Баргузории Машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳамасола баргузор шаванд.

Дар музокирот ҳамчунин доир ба рушду тавсеаи ҳамкории созанда дар соҳаҳои афзалиятнок, хусусан таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, нақлиёт ва ифрасохтор мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ ва заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат низ табодули афкор сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби бештари сармояи Кувайт дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид намуд.

Тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои варзишу ҷавонон ва туризм, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаи иҷтимоии ду кишвар омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволу бародарии байни мардумони Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид.

Дар музокирот ҳамзамон дигар масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, инчунин масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти хосаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ шаш санад ба имзо расид:

- Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб;

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Давлати Кувайтро 11 созишномаи ҳамкорӣ ташкил менамуд ва акнун он ба 17 адад расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520