Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва муассисаҳои молиявии Давлати Кувайт

16.05.2016 16:20, Кувайт

Субҳи 16 майи соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқоти имрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт арзёбӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури доираи васеи намояндагони ширкатҳои Кувайт ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибот оид ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он андешаронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори туризму иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ ба кишварҳои хориҷӣ барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд.

Баъди баромади пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкони сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки судовар аз номи соҳибкорону тоҷирони Давлати Кувайт раиси Палатаи савдо ва саноати Кувайт Саид Алӣ Синён ал - Ғоним суханронӣ карда, пеш аз ҳама ба мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва имкониятҳои фарохи иқтисодии он дар Осиёи Марказӣ ва минтақа баҳои баланд дод. Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳои истифоднашуда, лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратии гуногун таҳия ва ба нафъи ду кишвар татбиқ карда шаванд.

Ба андешаи соҳибкорони кувайтӣ барои тавсеаи ин ҳамкориҳо мулоқотҳои сатҳи олии сарони ҳукуматҳо ва робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳо заминаҳои мусоид фароҳам овардааст ва умед аст, ки ин муносибот оянда дар сатҳи матлуб ба роҳ монда шавад.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, пешниҳодҳои сармоягузорони кувайтиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок омӯзад ва дастгирӣ намояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520