Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии “Маҷмуату шарикот ал - Шоеъ” Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ

16.05.2016 16:58, Кувайт

Дар идомаи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ - фароғатии “Авеню” Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии “Маҷмуату шарикот ал - Шоеъ” Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот кард.

Дар ҷараёни вохӯрӣ бо ин соҳибкор, ки яке аз тоҷирони маъруфи Кувайт ва мамолики Халиҷ мебошад, барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия муаррифӣ ва зарурати ҷалби сармояи кувайтӣ барои татбиқи онҳо ба миён гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли маводи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ ва ғайра,  метавонад барои ширкатҳои Тоҷикистону Кувайт хеле судовар бошад.

Имкони ҷалби қувваи корӣ ва дар сохтмони коллеҷу муассисоти иҷтимоӣ ва маърифатӣ омода намудани мутахассисони касбии тоҷик кори ниҳоят судманд ва яке аз роҳҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520