ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия
таъин намудани Муҳаммадӣ М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
Муҳаммадӣ Музаффар Мунаварзод Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 майи соли 2016
№689