Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев

24.05.2016 10:02, шаҳри Душанбе

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсевро, ки барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар ба Душанбе бо сафари корӣ ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти сӯҳбат масоили вобаста ба ҳолати кунуниву дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ва Россия, ҳамчунин дигар ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Президенти кишвар аз ҷониби худ аҳамияти таҳкими минбаъдаи робитаҳои миёни вазоратҳои корҳои дохилии ҳарду кишварро дар заминаи боэътимоди муносибатҳои ҳамшарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия қайд намуданд.

Ҳамзамон бо ин, ба натиҷаҳои самарабахши фаъолияти муштараки ҷонибҳо дар қисмати анҷом додани амалиётҳои фаврӣ ҷиҳати пешгирӣ кардану ошкор намудани ҷиноятҳо, мубориза алайҳи терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ишора карда шуд.

Зимнан, Сарвари давлат бо таъкиди як қатор масоили мубраме, ки ҳаллу фаслашон амалҳои минбаъдаи якҷояро тақозо доранд, зарурати идомаи ҳамкориҳои тарафайнро дар самти мубориза алайҳи ҷиноятҳои зикргардида  амри зарур донистанд.

Бо назардошти  қарорҳои охири Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати ислоҳоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла ба сохтори вазорати корҳои дохилӣ ворид намудани хадомоти муҳоҷират, дар рафти сӯҳбат ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид.

Дар робита ба ин,  татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки миёни ду кишвар дар ин  ҷода ба даст омадаанд, аз ҷумла дар қисмати таҳкими раванди ҳифзи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон таъкид гардид.

 Президенти Тоҷикистон атрофи ҳодисаи ахири ҳамлаи гурӯҳи ҷиноятӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Хованскоеи шаҳри Москва, ки дар натиҷа 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шуда, даҳҳо нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бо нигаронӣ изҳори ақида кард.  

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкидан даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани ташкилкунандагон ва гунаҳгорони аслии ин латукӯби оммавии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Дар фарҷоми сӯҳбат ҷонибҳо судмандии мулоқоти имрӯзаашонро қайд карда, изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳои сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ду кишвари дӯст дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520