Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Казоқистон Нурсултон Назарбоев

26.05.2016 19:26, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Казоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ кард.

Суҳбати телефонӣ бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон сурат гирифта, зимни он роҳбари Ҷумҳурии Казоқистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд ва хоҳони рушду шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистон гардид.

Ҳамчунин Сарони ду кишвари дӯст оид ба масъалаҳои амнияту суботи минтақавӣ табодули афкор карда, масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520