Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон

09.01.2004 09:00, шаҳри Душанбе

9 январ Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон бо раиси вилоят Алимамад Ниёзмамадов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сӯҳбат раиси вилоят ба сарвари давлат аз ҳодисаҳои рух додани офати табиӣ, бориши барфи зиёд ва фаромадани тарма дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят ва оқибатҳои он иттилоъ расонид.

Сарвари давлат ба раиси вилоят супориш дод, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, ба хусус расонидани кӯмак ба оилаҳои зарардида, таъмиру барқароркунии роҳҳо, хатҳои алоқа, барқ ва дигар иншооти маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сарвазири кишвар Оқил Оқилов дастур дод, ки дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ВМКБ чораҳои амалӣ анҷом диҳад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520