Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сафири Фавқулодда ва мухтори Шветсия дар Тоҷикистон Свен Хирдман

29.01.2004 14:00, шаҳри Душанбе

29 январ Президенти ҷумҳурӣ Эмомали Раҳмон бо сафири Фавқулодда ва мухтори Шветсия дар Тоҷикистон ҷаноби Свен Хирдман мулоқот кард. Дар ҷараёни сӯҳбат зикр шуд, ки Тоҷикистон ба густариши муносибатҳояш бо мамлакати пешрафтаи Аврупо - Шветсия аҳамияти калон медиҳад.

Мо ба равнақу ривоҷи ҳамкории мутақобилан муфиди кишварҳоямон сидқан манфиатдор мебошем, зеро мавқеъҳои мо роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини байналхалқӣ, аз ҷумла эҳтироми ҳуқуқи инсон, мубориза ба муқобили терроризм ва маводи нашъадор мувофиқат мекунад. Сардори давлат зикр кард, ки дар Душанбе шӯъбаи Агентии рушди байналхалқии Шветсия кушода мешавад ва он дар бобати вусъати равобити дуҷониба, ба ҳамдигар бештар наздик шудани халқҳои тоҷику швед нақши муҳим мебозад.

Қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти иқтисодиро амалӣ месозад. Дар ҷараёни иҷрои барномаи мазкур тӯли солҳои охир дар мамлакат вазъи соҳаҳои асосии иқтисодиёт беҳтар гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилӣ афзуда, дараҷаи таворуми пул паст гардида, қурби он торафт меафзояд. Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки Тоҷикистон ба ҷалби сармояи хориҷӣ манфиатдор мебошад.

Мусоҳибон изҳор намуданд, ки мавқеи ҳукуматҳои ҳар ду мамлакат дар масъалаҳои ҳаёти минтақавӣ ва байналхалқӣ мувофиқат мекунад. Тоҷикистон ба муқобили тамоми зуҳуроти терроризм мубориза бурда, ҷомеаи ҷаҳониро даъват менамояд, ки дар ин мубориза саҳми бештар гузоранд. Яке аз манбаъҳои таъминкунандаи терроризм қашшоқӣ ва камбизоатӣ мебошад. Аминам, ки қашшоқӣ ва бенавоӣ сабабҳои асосии пайдоиш ва паҳн гардидани ғояҳои таҳаммулнопазирӣ, терроризм ва моҷароҷӯӣ мебошад. Илова бар ин, ҷидду ҷаҳди ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор ҳамчун сарчашмаи асосии молиявии терроризм равона карда шавад, гуфт Президенти Тоҷикистон.

Зимни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкории Тоҷикистону Шветсия, аз ҷумла дар соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ба фурӯш баровардани он дар мамлакатҳои Аврупо муҳокима шуданд.

Сафири Шветсия изҳор кард, ки аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои мустаҳкам сохтани дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории мамлакаташ бо Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520