Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.01.2004 17:00, шаҳри Душанбе

30 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис баъди муҳокимаи  масъалаи кадрҳо бештар аз 20 масъала мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокчиёни маҷлис бо назардошти  аҳамияти  бузурги масъалаи амалӣ сохтани тадбирҳои марбут ба гузаронидани мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе, 18 сентябри соли равон, онро ҳамаҷониба ва муфассал муҳокима карданд. Вобаста ба масъалаҳои мазкур таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат кумитаи тадорукоти ин мулоқоти минтақавӣ ва байнидавлатӣ таъсис дода шуд.

Баъдан лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта»-ро маъқул дониста, баъдан ба муҳокимаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод карда шуд. Бояд гуфт, ки ҳадафи ин қонунҳо бештар демократӣ сохтани  ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.

Дар маҷлис зимни муҳокимаи  проблемаҳои сиёсати  берунӣ Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистону Фаронса дар соҳаи таъмини амнияти дохилӣ ва Созишномаи ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ дар соҳаи боркашонии байналмилалии автомобилӣ, ҳайати Тоҷикистон дар комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Молдова тасдиқ карда шуд. Инчунин лоиҳаи Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкории тиҷоратӣ, Созишномаи иловагии таҳриршуда дар бораи пешниҳоди ёрии техникӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байналмилалии энергияи атом, Созишномаи  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи давлатии Федератсияи Россия оид ба назорати муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои  психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо маъқул дониста шуд.

Дар ҷараёни муҳокимаи  масъалаҳои  маънавию фарҳангӣ  қарори ҳукумат дар бораи абадӣ гардонидани хотираи Ато Муҳаммадҷонов қабул гардид. Номи ӯ ба театри мусиқии драмавии шаҳри Қӯрғонтеппа гузошта шуд.

Иштирокчиёни маҷлис доир ба масъалаҳои Ширкати саҳҳомии шакли кушодаи  холдингии «Нурафзо» дар бобати сохтмонҳои иншооти энергетикӣ ва ба ихтиёри ширкати саҳҳомию холдингии кушодаи  «Барқи Тоҷик» супоридани мудирияти муттаҳида оид ба тайёркунии минтақаи  зериобшавандаи  нерӯгоҳи обии барқии Роғуни  Ширкати  давлатии сохтмони объектҳои энергетикии «Нурафзо»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳо қабул карданд.

Баъдан ворид сохтани  тағйироту иловаҳо ба Низомномаи тартиботи адои хизмати ҳарбӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Сипас, дар бораи  ворид сохтани  тағйирот ба баъзе қарорҳои  Ҳукумати ҷумҳурӣ қарорҳо қабул карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520