Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷудо намудани маблағ барои таъмини пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар 5 ноҳияҳои водии Рашт

05.03.2004 09:00, шаҳри Душанбе

5 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар 5 ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол ва Тавилдара аз ҳисоби фонди захиравии худ 250 ҳазор сомонӣ ҷудо кард. Ба ин мақсад вазорати алоқаи ҷумҳурӣ низ 250 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазири алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки корҳои омодасозиро дар бобати пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон дар ин минтақа то охири соли ҷорӣ ба анҷом расонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520