Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба шоҳи Испания Хуан Карлоси Якум

12.03.2004 18:00, шаҳри Душанбе

12 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинобар амалиёти терррористӣ дар шаҳри Мадрид ва атрофи он ба шоҳи Испания Хуан Карлоси Якум барқия ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби олӣ, мардуми Тоҷикистон хабарро дар бораи амалиётҳои сершумори террористӣ дар шаҳри Мадрид ва атрофи он, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар одамони бегуноҳ гардиданд, бо ғаму андӯҳ ва хашму ғазаб маҳкум намуданд.

Мамлакати мо, ки тамоми даҳшатҳои терроризмро аз сар гузаронидааст, чунин роҳи ба даст овардани мақсадҳоро рад намуда, сабабу ҳолат ва даъвоҳои ташкилкунандагони онро қотеъона маҳкум мекунад. Тоҷикистон ба муқобили терроризм муборизаи қатъӣ бурда, бо ҳамаи онҳое ҳамдилу ҳаммаром мебошад, ки ба ин зуҳуроти нанговар муқовимат нишон медиҳанд. Мо тайёрем, ки ба муборизаи умумибашарии зидди терроризм саҳм гузорем.

Аз Шумо, Ҷаноби Олӣ, хоҳиш мекунам тасаллияту ҳамдардии самимонаи моро ба хешовандон ва пайвандони ҳалокшудагону зарардидагон расонед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520