Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

15.03.2004 20:00, шаҳри Душанбе

Шоми 15 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ дошт.

Сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар ба Президенти Федератсияи Россия аз номи халқи Тоҷикистон ва шахсан аз номи худ ба ифтихори пирӯзии боварибахши ӯ дар интихоботи Президенти Федератсияи Россия табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниётро расонид.

Интихоби дубора ба мақоми Президент, ки халқи Федератсияи Россия ба Шумо бовар намуданд, изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон далели равшани эътимоди мардуми Россия ба сиёсати Шумо мебошад, он ба инкишофи минбаъда ва шукуфони Россия нигаронида шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520