Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Коммисари Иттиҳоди Аврупо Кристофер Паттен

17.03.2004 14:00, шаҳри Душанбе

17 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Коммисари Иттиҳоди Аврупо Кристофер Паттенро ба ҳузур пазируфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди серсоҳаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо аҳамияти махсус дода, онро ҳамчун самти муҳимми сиёсати хориҷии худ меҳисобад,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин робита созишномае, ки моҳи июн миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ба имзо хоҳад расид, бояд ба раванди ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмони олиқадр дар бораи ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва натиҷаҳои самараноки он, ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин заминаҳои мусоиди маблағгузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ иттилооти муфассал расонид.

Тарафҳо бо изҳори умед аз фаъолияти пурсамари намояндагии иттиҳоди Аврупо, ки ба наздики дар Душанбе ба фаъолият оғоз менамояд, ҳамзамон натиҷаҳои кори барномаи ТАСИС, нақшаҳои афзалиятноки он дар ҷодаи гидроэнергетика, коркарди захираҳои зеризаминӣ, соҳаи кишварзӣ, сайру саёҳат ва соҳибкории хурд баҳои баланд доданд.

Дар мавриди татбиқи барномаи муштараки раёсатҳои сарҳадии Иттиҳоди Аврупо бо барномаи тараққиёти СММ низ табодули назар сурат гирифт. Таъкид гардид, ки амалӣ шудани ин барнома бояд ба воридоту содироти озоди мол, хизматрасонӣ ва интиқоли нерӯҳои корӣ тавассути марзҳои миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд.

Ҳар ду ҷониб ба ягонагии мавқеи андеша зикр намуданд, ки бисёре аз кишварҳои олам дар марҳилаи гузариш ба сохти нави инкишоф ба хусус давраи баъди муноқишаҳои дохилӣ ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Аз ҳама муҳимаш, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии таъминкунандаи бебозгаштии роҳи пешрафт устувор гардида, ҷомеа бо таҳкими равандҳои демократӣ зина ба зина пеш меравад.

Дар ҷараёни мулоқот бо баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, тарафҳо инчунин ба мавзӯи амнияти минтақавӣ ва эҳёи иқтисодии кишвари Афғонистон мароқ зоҳир намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520