22 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои наврӯзии сокинони пойтахт ба боғи Дӯстии Халқҳо омад. Сарвари давлат ҷамъомадагонро бо иди баҳору зебоӣ шодбош гуфта, аз тадбиру нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди татбиқи амалии сиёсати созандагони бунёдкорӣ ёдовар шуд. Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии варзишии пойтахт қатори 15 ҳазор тамошобинон шоҳиди мусобиқаи гуштини миллӣ гардид. Ба ғолибон автомашинаи сабукрав, инчунин дигар мукофотҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.