Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

25.03.2004 15:00, шаҳри Душанбе

25 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов телефонӣ сӯҳбат кард. Сарони давлатҳо масъалаҳои марбут ба муносибатҳои кашварҳояшон, инчунин масъалаҳои марбут ба омода сохтани мулоқоти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро муҳокима карданд. Дар фарҷоми сӯҳбат ба баъзе масъалаҳои дорои хусусияти байналхалқию минтақавӣ дахл карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520