Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

10.04.2004 18:00, ноҳияи Ёвон

10 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон рафт.

Ноҳияи Ёвон дар масофаи 60 км аз пойтахти ҷумҳурӣ мавқеият дошта, масоҳати умумии он 976 км мураббаъ ва аҳолиаш 146,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи ноҳия раиси вилояти Хатлон Амиршо Миралиев, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Қозидавлат Қоимдодов, роҳбарони як қатор вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, намояндагони дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурӣ, собиқадорони меҳнат ва ҷавонону наврасони ноҳия бо самимияти хоса истиқбол намуданд.

Яке аз манбаҳои асосии пешрафти ноҳияро соҳаи кишоварзӣ ташкил менамояд, майдони умумии кишт 26 ҳазору 125 гектар буда, 16 210 гектари он барои пахтакорӣ ва заминҳои боқимонда, ҷиҳати таъмини аҳолӣ ва фаровонии бозор барои парвариши зироатҳои ғалладона ва сабзавоту полезӣ ҷудо карда шудааст.

Соли 2003 пахтакорони соҳибтаҷрибаи ноҳия 33 ҳазору 818 ҳазор тонна ашёӣ хоми пурқиммат, яъне пахта истеҳсол намуда, ҳосилнокии ҳар гектар заминро дар ҳисоби миёна ба 21 сентнерӣ расониданд.

Дар маркази ноҳия мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фазои озоду ошкоро ва самимӣ ҷараён гирифт. Зимни сӯҳбат аҳолии ноҳия бо нишони сипос ба сарвари давлат дар бобати амалӣ намудани тадбирҳои амиқу ҷавобгӯи манфиатҳои аҳолии деҳот ба хусус ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ба соҳиби аслӣ баргардонидани замин, аз ҳисоби имкониятҳои мақомоти маҳаллӣ ба кормандони соҳаҳои буҷетҳ расонидани кӯмаку имтиёзҳои ҳавасмандӣ, аз андози замини наздиҳавлигӣ озод намудани муаллимон ва таъмини соҳаи мактабу маориф бо технологияи компютерӣ қаноатмандӣ изҳор намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамзамон дар бораи танзими оила, расму оинҳои мардумӣ, тарбияи дурусти насли наврас, дар ҳамдастӣ бо маорифчиёни содиқу ғамхор беҳтар намудани сифати таълим дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, истифодаи самараноки замину захираҳои табиӣ ва қувват бахшидани рӯҳияи созандагию бундкории аҳли ҷомеа табодули афкори судманд сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дурнамои тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди паст намудани шиддати камбизоатӣ, бо ҷалби сармоя ташкили корхонаҳои хурду азими истеҳсолӣ, дар ҳамин замина ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаъолияти нерӯҳои ақлонии мамлакат далелҳои асоснок баён дошт ва ҷамъомандагон бори дигар ҷонибдории қавии хешро аз сиёсати ваҳдатасоси сарвари давлат таъкид сохтанд.

Аз сӯҳбату вохӯриҳо аён буд, ки пешниҳоду андеша ва супоришҳои сарвари давлат зимни мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат, ки 20 марти соли ҷорӣ баргузор шуда буд, миёни аҳолӣ ҳамовозии неку нишонрас пайдо намудааст. Дар литсеи рақами 1-уми ноҳияи Ёвон Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба шароити таҳсили шогирдону фаъолияти омӯзгорон мароқи зиёд зоҳир намуд. Тавре сарвари литсей, муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Олимов иттилоъ дод, ин ҷо номзадҳои илм, аълочиёни маорифи ҷумҳурӣ ва 20 нафар омузгорони дараҷаи тахассуси олӣ фаъолият доранд.

Дар се соли охир 8 нафар шогирдони литсей дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ғолиб гардида, 182 нафар фиристодагони ин маркази таълимӣ ба макотиби олии мамлакат шомил гардидаанд. Дар маҷмӯъ ҳар сол 90-95 дарсади хатмкунандагони он ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил  мешаванд.

Омӯзгори кимиё Кароматулло Каримов ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими сол» гардид.

Дар литсей ба омӯзиши нозукиҳои технологияи компютерӣ, забонҳои модарӣ ва русию англисӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад.

Шогирдон вобаста ба сатҳи фаҳмишу қобилияти эҷодӣ ба равияҳо ҷудо гардида, фанҳои дустдоштаашонро интихоб менамоянд. Ин омил натиҷаҳои бобарор медиҳад. Маоши миёнаи омӯзгорон 105 сомониро ташкил медиҳад ва устодони соҳибтаҷриба имконияти васеи аз ҳисоби дарсҳои хусусию иловагӣ ва ё шартномавӣ ҳар моҳ 250-300 сомонӣ пайдо карданро доранд, ки лоиқи таҳсину дастгирии ҳамкасбон аст.

Аснои сӯҳбат бо сарвари давлат шогирдон ваъда доданд, ки дар ҷавоби ғамхориҳои ҳукумати ҷумҳурӣ бо баҳои аъло таҳсил намуда, созандагони сазовору пурифтихори ояндаи Ватани аҷдодӣ хоҳанд гардид.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бахши кишоварзӣ аз хоҷагии деҳконии «Манучеҳр» ибтидо гирифт.

Дар ин хоҷагӣ бо истифодаи самараноки ҳар порча замин дар як сол се чор ҳосил гирифта мешавад. Гармхонаи хоҷагӣ на танҳо сокинони ҷамоати деҳоти атроф, балки бозорҳои ноҳия ва минтақаро бо маҳсулоти арзону тару тоза таъмин менамояд. Сарвари хаҷагии деҳқонии «Манучеҳр» пешравиҳои соҳаи хоҷагии кишлоқро аз сиёсати дуруст ва ислоҳотпазири кишоварзии сарвари давлат медонад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар яке аз хоҷагиҳои пешқадаму дорои мактаби таҷрибаи пешрафтаи минтақа, хоҷагии деҳқонии «Қайнар» сари замин бо аҳли меҳнат сӯҳбат дошт. Ин хоҷагии деҳконӣ ҳар сол бештар аз 37 сентнерӣ пахта, 1000 сентнерҳ пиёз ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба даст овардааст.

Сарвари хоҷагии деҳконии «Қайнар»  кишоварзи шинохтаи мамлакат Ҳайталӣ Менглиқулов аз шароитҳои деҳқонон дар мавриди истифодаи замин изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат бо фаъолони соҳаи кишоварзӣ доир ба аҳамияту афзалияти таҷрибаи ҷорӣ намудани андози ягона, ҳифзи манфиатҳои деҳқонон ҳангоми тасвиби шартнома бо сармоягузорон, дарки иқдоми ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи тақсими замин ба аҳолӣ ба муддати номаҳдуд, бо афзоиши ҳосилнокию   истифодаи оқилонаи заминҳои обию лалмӣ ва дигар мавзӯоти фарогири мушкилоту пешрафти шаклҳои нави хоҷагидорӣ баррасӣ шуданд. Мо ҳанӯз аз татбиқи тадбиру барномаҳои соҳаи кишоварзҳ   қаноатманд нестем, афзуд сарвари давлат, зеро бо айби роҳбарони зинаҳои гуногун то ҳол дар мавриди тақсими замин ба аҳолӣ камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд. Ин мавзӯъ таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Онҳое, ки дар ин самт бесалоҳиятӣ зоҳир намуда, ба пешрафти соҳаи кишоварзӣ халал мерасонанд, ҷавоб хоҳанд гуфт. Дар ноҳия сиёсати кишоварзии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле самаранок татбиқ гардида, ҳар қувваи қобили меҳнат на камтар аз 1 гектар замин дорад, ки албатта омили муҳими ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Хоҷагии деҳқонии ба номи Бобоҷон Ғафуров 141 гектар замин дошта, баъди ҳосилнокии баланду даромади афзуни соли гузашта, майдони кишти пахтаро имсол ду баробар зиёд намуд. Дар хонаи яке аз аъзои ин хоҷагии деҳқонӣ Уктам Шамсиддинов Сарвари давлат меҳмон шуда, бо шароити зиндагии оила, манбаҳои асосии пешбурди рӯзгори аҳли он шинос гардид.

Ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон дар мавсими кишту кори баҳорӣ, марҳалаи заминагузорӣ ба ҳосили фаровони соли ҷорӣ, ки серборишу пурфайз аст, барои меҳнаткашони садоқатманди ноҳия рӯҳбаландӣ ато кард.

Мавриди ёдоварист, ки пеш аз ҳама аз аҳли зиё, кормандони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустӣ аз тадбирҳои хайрхоҳонаи сарвари давлат ба кормандони бахшҳои буҷети хеле сипосгузоранд. Ҳар сафари корӣ ифодагари олии талошҳои пайгиронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз наздик омухтану ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҳавасмандии пешқадамони истеҳсолот, ба аҳолӣ расонидани ҳадафи асосии роҳи пешгирифтаи давлату ҳукумат ва дурнамои нақшаҳои ободонию пешбурди ҷомеа мебошад ва бешубҳа рӯҳияи боварию эътимоди намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро ба рузгори пурнишоту сербаракат қавӣ мегардонад. Сокинони ноҳияи Ёвон қадами Сарвари давлатро ба қаламрави ноҳия фоли неку файзбор маънидод намуда, бо масъулияти бузург изҳор доштанд, ки зери парчами ваҳдату созандагӣ тамоми қувваро баҳри саҳмгузорӣ дар ободонии Ватан равона хоҳанд кард.

Худи ҳамон рӯз баъди анҷоми сафари корҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520