Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.04.2004 13:00

30 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми худ самтҳои асосии сиёсати дохилҳ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кард. Дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда мешавад, ки дар марҳилаи кунунӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо кулли мамолики сулҳпарвари сайёра, саҳмгузорӣ дар ҳалли масъалаи глобалии ҷаҳон, бахусус мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир,  инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли  мушкилоти таъмини оби нушокӣ талош хоҳад бурд.

Сарвари давлат аз тадбиру нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди дастгирии бахшҳои иҷтимоӣ ёдовар шуда изҳор дошт, ки имсол беш аз 47 дарсади маблағҳои буҷетӣ баҳри беҳдошти соҳаи маорифу тандурустӣ ва илму фарҳанг равона хоҳад шуд.

Дар Маҷлиси якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Душанбе ва хабарнигорони воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520