Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилгелм Мейер

04.05.2004 11:00, шаҳри Душанбе

4 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилгелм Мейерро ба ҳузур пазируфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди муносиботи дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария, ки солҳои охир ба даст омад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Фаъолияти намояндагии агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, ки сазовори баҳои баланд аст, дар мавриди тавсеи робитаҳои миёни кишварҳоямон нақши муҳим дорад, изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон.

Таъкид гардид, ки дар заминаи ибтикороти Тоҷикистон ва ҳамдастии давлати Швейтсария ассамблеяи генералии СММ резолютсияи даҳсолаи «Об баҳри ҳаёт»-ро эълон кард ва соли оянда Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории конфронси байналмилалиро доир ба дарёҳои наздисарҳадӣ ба нақша гирифтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дигаргунсозиҳои иқтисодию сиёсии Тоҷикистон ва минтақа ҷиҳати таҳким ва имкониятҳои сифатан афзалиятноки ҳамкориҳо мусоидат менамоянд. Мулоқоти имрӯзаи мо дар айёме ҷараён дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодӣ самарабахш мебошанд. Болоравии мунтазами истеҳсолӣ, либерализатсияи сиёсати андозу гумрук, ба шароити муосир мутобиқ гардидани равандҳои иқтисодӣ аз омилҳои ҷалбкунандаи сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, -таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон, - Швейтсарияро  шарики пуриқтидори тавонои иқсодию тиҷоратии худ медонад. Таъкид ёфт, ки чанд сол боз миёни кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон Швейтсария ҳамкори боэътимоду пешсафи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар соли гузашта гардиши мол миёни ду кишвар 80 миллион доллари ИМА, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бошад 20 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Дар ҷараёни мулоқот Сарвари давлат ба сафири Швейтсария барои талошҳои амиқ дар инкишофи муносибатҳои Тоҷикистону Швейтсария изҳори сипос намуда,  дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520