Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо фиристодаи махсуси раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Марти Ахтисаари

11.05.2004 09:30, шаҳри Душанбе

11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фиристодаи махсуси раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо Марти Ахтисаари мулоқот кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони амнияту ҳамкории Аврупоро баррасӣ намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - ба принсипҳои демократӣ содиқ монда, ба ҳамдастию ҳамкориҳои САҲА ва муассисаҳои соҳавии он, аз ҷумла дар бахшҳои қадри инсон, амният, демократикунонии ҳаёти ҷомеа, таъмини волоияти қонун, ҳалли мушкилоти иқтисодию экологӣ, таъсиси асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар соҳаҳо эътимоди амиқ дорад.

Таъкид гардид, ки имрӯз дар ҷомеа ба интихоботи парламентӣ омодагиҳои фаъолона ҷараён дорад, ки дар он нақши ҳизбҳои сиёсӣ муассир аст. Ин раванди фаъолона ифодаи таҳкими бисёрҳизбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо дар оянда низ фаъолияти онҳоро қадрдонӣ хоҳем кард,- афзуд Эмомалӣ Раҳмон, - вале бояд талаботи қонун аз ҷониби онҳо бечунучаро риоя гардад.

Тарафҳо дар бораи воситаҳои ахбори омма ҳамчун ҷузъи муҳиму зарурии ҳаёти ҷомеа табодули назар намуданд ва дар мавриди раванди аз мина тозакунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки натиҷаи ҳамкориҳои зич бо САҲА мебошад, ҳамфикрӣ баён доштанд.

Ба масъалаи ҳукми қатл дахл намуда, сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки дар Тоҷикистон ҳукми қатл барои занону ноболиғон барҳам дода шудааст. Чанд рӯз қабл бошад,  дар Паёми навбатҳ  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо дар бораи ҳукми қатл моратория эълон кардем, илова намуд Эмомалӣ Раҳмон. Ин тадбири мушаххас ба таъмини шароити мусоиди манъи пурраи ҳукми қатл ҳамчун меъёри ҷазо замина хоҳад гузошт.

Дар сӯҳбат ҳамчунин мавриди мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ, ислоҳоти замин ва дигар мавзӯҳои мухталиф мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520