Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири молияи Ҷумҳурии Исломии Покистон Шавкат Азиз

13.05.2004 10:00, Покистон

Пагоҳии рӯзи 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ дар Исломобод бо вазири молияи Покистон Шавкат Азиз мулоқот кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Парвиз Мушарраф бо назардошти равобити дӯстона ва мушкилоти ҷории кишвари мо қарзи қаблан гирифта ва истифоданамударо ба маблағи 13 миллион доллар ба грант мубаддал карданд, ки мо аз ин ҳусни ният ва иқдоми дӯстонаи эшон ва Ҳукумати Покистон сипосгузор ҳастем.

Ҷонибҳо ба масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи гидроэнергетика, ба хусус ба мавзӯи сохтмони  нерӯгоҳи барқии обии Роғун мароқи бештар зоҳир намуданд.

Кайд гардид, ки дар ин сохтмон то ҳол беш аз 800 миллион доллар ба масраф расида, қисмати муҳими корҳо иҷро гардидааст. Мутахассисони соҳибихтисос, нерӯи кории арзон, ашё ва воситаҳои зарурӣ мавҷуданд.

Мо тарҳи нави бунёди марҳила ба марҳилаи ин нерӯгоҳро омода намудаем ва амалӣ мекунем, зикр намуд сарвари давлати Тоҷикистон. Барои итмоми марҳилаи аввал ҳудуди 600 миллион доллар зарур аст. Хароҷоти он дар чаҳору ним сол ба даст меояд ва идомаи сохтмон бо фоидаи худи объект имконпазир аст.

Таъкид ёфт, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Исломии Покистон метавонад дар созмондиҳии консортсиум ва ҷалби сармояи зарурӣ нақши муҳим иҷро намояд.

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории дутарафаро дар бунёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон амри муҳим ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар, ҷалбу ташвиқи сармоягузорӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ, ҳалли масоили арзӣ, пардохтӣ ва масоили дигари молиявиро ба ҳар ду кишвар манфиатовар маънидод намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520