Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Миян Хуршед Маҳдуд Касури масъалаҳои равобити дуҷониба ва ҳам масоили муҳими минтақавӣ ва глобалӣ муколамаи босамари сиёсӣ ва нақши Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар баррасӣ шуданд ва таъкид ёфт, ки идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар қодиранд дар тавсеа ва густариши муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ нақши фаъолтар дошта бошанд. Ба онҳо лозим аст, ки дар ҳамоҳангсозии фаъолият дар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Конфронси Исломӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ҳамкорӣ дошта бошанд.
Дар вохӯрӣ ёдрас гардид, ки кишвари Покистон соҳиби таҷрибаи бой ва тӯлонӣ дар соҳаи саноати сабук, бахусус, истеҳсоли матоъҳо ва масолеҳи пахтагин, маснуоти чармин мебошад. Таъсиси корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо хеле самарабахш хоҳад буд.
Ҷонибҳо ба ҷои консулгарӣ таъсиси сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Ҷумҳурии Исломии Покистон амри саривақтию зарурӣ номиданд.