Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ким Сонг Хван

17.05.2004 11:30, шаҳри Душанбе

17 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ким Сонг Хванро ба ҳузур пазируфт.

Тоҷикистон,-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - ба рушди минбаъда ва ба таҳкими муносиботи дуҷониба манфиатдор мебошад. Ҷониби Тоҷикистон Ҷумҳурии Кореяро дар Осиёи ҷануби шарқӣ шарики боварибахши муҳими худ медонад ва ҷиҳати инкишофи равобити бисёрҷабҳа талош менамояд.

Таъкид гардид, ки дар давраҳои гузашта Ҷумҳурии Корея бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдастии беназир дошт ва дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Корея барои кӯмак, ёриҳои техникӣ ва тайёр намудани кадрҳо изҳори сипос кард ва афзуд, ки ин тадбирҳои ҷониби Корея ҳамеша саривақтию пурарзиш буданд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳанӯз ҳам ҳамкориҳои иқтисодӣ ҷавобгӯи талаби рӯз нест.Танҳо ширкати муштараки «Тоҷик-Кабоол-текстайлз», ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ фаъолият дорад, аз корхонаҳои пешқадами саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Дар мулоқот доир ба имкониятҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи гидроэнергетика, азхудкунии захираҳои табиӣ, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, саноати сабук, нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, инчунин ба роҳ мондани истеҳсолу насби техникаи маишию электронӣ андешаҳои ҷолиб баён гардиданд.

Ҷонибҳо доир ба баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши истифодаи кадрҳои коргарӣ гуфтугӯ намуданд.

Дар мулоқот ба муҳимтарин масъалаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм дахл карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520