Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

17.05.2004 14:30, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 17 май мутобиқи талаботи моддаҳои 62 ва 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 номгӯй қонунҳое, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида буданд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, барои интишор пешниҳод карда шуданд.

Аз ҷумла дар таҳрири нав қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расиданд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тендер».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот».

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ки ҳанӯз соли 1993 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, бо талаби замон ва пешрафти ҷомеа якчанд маротиба ба он тағйиру илова ворид карда шуда буд. Баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва ҳамчунин қабули як қатор қонунҳои нави соҳавӣ зарурати аз нав таҳия ва қабули Қонуни мазкурро ба миён овард. Қабули қонуни номбурда барои танзими муносибатҳои нав дар соҳаи маориф равона карда шудааст.

Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ, таъмини шароити мусоид барои сармоягузориҳо, технология ва рушди иқтидори иқтисодии минтақаҳои алоҳида, ташкили инфраструктураи истеҳсолӣ, инчунин ғанигардонии бозори дохилӣ бо молу маҳсулот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ки дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ заруранд, қабул гардидааст.

Мақсади асосӣ ва зарурияти қабули Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» танзими иловагии ҳуқуқии муносибатҳо ва такмили қонунгузории меҳнатии ҷумҳурӣ дар қисмати рухсатиҳои меҳнатӣ, музди меҳнат, пардохти он ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд мебошад.

Қонун «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади додани имтиёз ва муҳайё кардани шароити мусоид ба воридкунандагони техникаи соҳаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ин соҳа равона карда шудааст, ки тибқи он ин гуна шахсон аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Мақсади асосӣ ва зарурияти қабули Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани меъёрҳои Кодекси мазкур мебошад. Қисми зиёди ин тағйирот ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини бехатарии ҷомеа нигаронида шуда, бо мақсади рушди минбаъдаи раванди демократикунонӣ дар бахши ислоҳоти қонунгузории ҷиноятӣ, гуманизатсия ва такмили баъзе  меъёрҳои Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ равона карда шудааст. Зарурати дигари таҳия ва қабули ин тағйиру иловаҳо аз он иборат аст, ки Кодекси амалкунандаи соли 1998 дар шароите қабул гардида буд, ки вобаста ба вазъи ҷумҳурӣ пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои кирдори ҷиноятӣ хусусияти объективӣ дошт. Вазъияти имрӯзаи ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки маҳз бо мақсади гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ворид карда шаванд.

Қонун «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» бо мақсади муайян намудани номгӯи баъзе намудҳои фаъолият, ки барои машғул шудан ба онҳо иҷозатнома (литсензия) гирифтан зарур аст, тартиби ягонаи додани иҷозатномаҳо ва муқаррар кардани мӯҳлати ягонаи ин гуна иҷозатномаҳоро ба танзим медарорад. Қонуни қабулгардида асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият равона шуда, он риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусӣ баҳри амалӣ гардидани ин намудҳои фаъолият ва таъмини ҳимояи манфиатҳо ва амнияти шахс, ҷамъият ва давлатро ба танзим медарорад.

Дар маҷмӯъ, қонунҳои нав қабулшуда соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлатро дар бар гирифта,  муносибатҳоро дар шароити нави сиёсиву иҷтимоӣ ва инкишофи муносибатҳои иқтисодӣ ба танзим дароварда,  барои рушди минбаъдаи ҷомеаи шаҳрвандӣ кӯмак мерасонад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520