18 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амри худ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дод, ки аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукуматҳои шаҳр ва ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои таҷҳизонидан, таъмир ва сохтмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ 1 600 000 (як миллиону шашсад ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
Ҳамчунин раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб ва шаҳри Хоруғ вазифадор карда шуданд, ки истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин карда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ҳароҷоти анҷомдодаро аз рӯи иншоот ва намуди корҳо пешниҳод намоянд.