Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Носир Сармади Порсо

19.05.2004 11:00, шаҳри Душанбе

19 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Носир Сармади Порсоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот асосан масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон,-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - аз инкишофи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии солҳои охир бо Ҷумҳурии Исломии Эрон қаноатманд аст, вале то ҳол имкониятҳои васеи робитаҳои дуҷониба комилан истифода нашудаанд. Дар вохӯрӣ тазаккур дода шуд, ки бо таъсиси консорсиуми байналмилали ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқии обии Сангтуда ва ҳамдастии мутахассисони Эронӣ дар сохтмони тунели Анзоб дар ҳамкориҳои дуҷониба марҳилаи сифатан боварибахшу созанда оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти фаровони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба хусус таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди зироатҳои кишоварзӣ ва канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ ёдрас шуда, таъкид сохт, ки тавсеаи робитаҳои дуҷониба асоси манфиат ва хоҳишҳои рузафзуни мардуми дусту бародари тоҷику эронӣ мебошад.

Ҷонибҳо атрофи як қатор масълаҳои фарогири робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, авзои минтақа, саҳмгирӣ дар марҳилаи барқарорсозии давлати Афғонистон ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо табодули назари судманд доштанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520