Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Херст Келер

24.05.2004 18:00, шаҳри Душанбе

24 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Херст Келер номаи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ба ман боиси ифтихор аст, ки табрику таҳнияти самимонатарини худро ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон интихоб шуданатон ба Шумо ирсол намоям.

Муносибатҳои Тоҷикистону Олмон, ки дар давоми солҳои охир ба таври назаррас ривоҷ ёфтаанд, яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошанд. Аминам, ки таҳкиму густариши минбаъдаи ин муносибатҳо ба манфиати кулли халқҳою мамлакатҳоямон мебошанд. Умедворам, ки мо бо саъю кӯшиши муштарак метавонем ривоҷи доимии ин муносибатҳоро ба хотири сулҳу оромии тамоми ҷаҳон таъмин намоем.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, саломатии бардавом ва дар фаъолияти наҷибатон муваффақиятҳои калон ва ба халқи ба мо дӯсти Ҷумҳурии Федеративии Олмон беҳбудию шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520