Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо сардори ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Британияи Кабир Майкл Ҷексон

26.05.2004 11:00, шаҳри Душанбе

26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сардори ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи Британияи Кабир   Майкл Ҷексонро ба ҳузур пазируфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон,-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - дар инкишофи муносибатҳои бисёрсамта бо Британияи Кабир,  ба хусус дар соҳаи низомӣ манфиатдор аст. Мавқеи умумии мо ҳамчун узви иттиҳоди зиддитеррористӣ, таъкид кард ӯ, ҳамкориҳои гуногунҷабҳаеро, ки ба муқобилияти шадиди алайҳи хатарҳои нави ҷаҳонӣ равона гардидаанд, тақозо дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки ҷониби Британияи Кабир ҷалби сармоя ва технологияро ба лоиҳаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолтар месозад.

Мусоҳибон омилҳои мушаххаси ҳамкориҳоро дар бахши мудофиа, тайёр намудани кадрҳо, баргузории машқҳои муштарак ва таъминоти техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима намуданд.

Таъкид гардид, ки кӯмак дар таҳкими амнияти Тоҷикистон, саҳмгузорӣ дар таъмини осоишу суботи умумӣ, алалхусус Аврупо хоҳад буд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ба манбаҳои фаъолияти терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир наздик ҷойгир шудааст.

Ҷонибҳо ба авзои Афғонистон мароқ зоҳир намуда, тадбирҳои барқарорсозии ин кишвари азиятдидаро, ки баҳри таъмини ояндаи орому осуда, шукуфоии он ҳамчун давлати мустақилу ягона равона шудаанд, самаранок арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот атрофи доираи васеи масъалаҳои муҳими дорои хусусияти минтақавию байналмилалӣ табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520