31 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Игор Ивановро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия муҳокима шуданд. Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия,-изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон,-дар тамоми соҳаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва робитаҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё ва дигар созмону ташкилотҳои байналмилалӣ тавсеа меёбад. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамроҳшавии Федерасияи Россияро ба Созмони ҳамкориҳои Осиёи Марказӣ омили муҳимми инкишофи ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа бо Федератсияи Россия арзёбӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва котиби шурои амнияти Федератсияи Россия Игор Иванов ба як қатор масоили фарогири амнияти минтақа, раванди барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва саҳмгирӣ дар ин самт мароқ зоҳир намуданд, ки дар аксари мавридҳо ҳамфикрии амиқ баён гардид.