Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

31.05.2004 14:00, шаҳри Душанбе

31 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аъзои ҳукумат масъалаи «Оид ба рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои барқароркунӣ ва тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарбанд», «Дар бораи тадбирҳои рушди бозори қоғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси хизматчиёни ҳарбӣ ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ро муҳокима намуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор қабул карданд.

Ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ва «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» чанд тағйиру иловаҳо пешниҳод гардиданд.

Дар маҷлис Созишномаҳо «Дар бораи мубодилаи мавод байни агентиҳои миллии иттилоотии давлатҳои узви ИДМ, оид ба тартиби назорати содиротии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои иттиҳоди иқтисодии Евразия дар бозори қоғазҳои қимматнок тасдиқ ва маъқул дониста шуданд. Ба Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар бораи ҳамкории дуҷониба тағйиру иловаҳо ворид гардиданд.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон таъсис ёфта, театри тамошобинони навраси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба театри давлатии мусиқии тамошобинони ҷавон табдил дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки таъмини тарбияи насли наврас, беҳдошти соҳаи маориф ва таъмини мактабҳо бо лавозимоти зарурии хониш ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, зеро тарбияи тафаккури наву созанда омили устувори пешрафти ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистони навин аст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хатлон ҷиҳати сохтмони мактабҳо дар ноҳияи Мӯъминободу Восеъ маблағ ҷудо карда мешавад.

Ҷиҳати таъмиру барқарорсозии бинои хобгоҳи аспирантони Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе кӯчаи Маяковский шӯъбаи сохтмони асосии идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардид.

Аъзои Ҳукумат тартиби тафтиши ҳолати Фонди давлатии металлҳои қимматбаҳо ва сангҳои қимматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои барномаи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004 – 2008-ро тасдиқ намуданд.

Дар маҷлис як қатор масъалаҳои муҳимми ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар баррасӣ шуданд.

Дар хатми кори маҷлиси навбатии Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тадбирҳои муҳимми дар пешистода ёдрас шуда, бобати вусъати татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла стратегияи паст намудани шиддати камбизоатӣ, таҳкими иқтидори содиротии кишвар тавассути қувват бахшидани манбаҳои истеҳсолоти дохилӣ, истифодаи самарабахши замин, авҷи корҳои саҳроӣ, таъмини шароитҳои мусоиди кору истироҳати кишоварзон ва дигар масоили ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ масъулинро   мушаххас вазифадор намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520