Дар ҷараёни иштирок дар ин конфронс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи худ бо дабири кулли Созмони ЮНЕСКО Коитиро Матсуура мулоқот намуд.
Дар сӯҳбати озоду самимӣ маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаи серҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО баррасӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба Коитиро Матсуура ҷиҳати қабули қарори ЮНЕСКО дар бораи шоҳкории мероси мусиқии ҷаҳонӣ эълон шудани «Шашмақом» ва ҳамчунин барои дар сатҳи ҷаҳонӣ вусъат додани таҳқиқот оид ба 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб изҳори сипос намуд.
Коитиро Матсуура доир ба масоили фарогири фаъолияти комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тайи солҳои охир лоиҳаҳои эҳёи Ҳулбук, Яғноб-Саразм, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Муҳаммад Башоро ва як қатор лоиҳаҳои пурарзиши фарҳангиро барои дохил намудан ба Феҳристи ёдгориҳои ғайримоддии ҷаҳонӣ пешниҳод намудааст изҳори қаноатмандӣ намуд.
Пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шаҳри сулҳ эълон кардани шаҳри Душанбе, ба боғи миллии байналмилалӣ табдил додани боғи ботаникии Помир, таҷдиду эҳёи як қатор марказҳои таърихии қаламрави Тоҷикистон аз тарафи дабири кулли ЮНЕСКО Коитиро Матсуура бо некӣ ҷонибдорӣ ёфт.
Ҷонибҳо бобати дар доираи тадбирҳои даҳсолаи «Об манбаи ҳаёт», соли 2005 дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронси байналмилалӣ ба мувофиқа расиданд.