14 июн Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шаҳри сулҳ эълон кардани пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа дастгирии амиқ пайдо кард.
Дар арафаи таҷлили 80-умин солгарди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвонии созмони ЮНЕСКО пешниҳод гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун шаҳри сулҳ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рамзию таърихӣ аст.
Ин шаҳри зебову сарсабз ҳанӯз дар айёми таъсисёбии ҷумҳурӣ ба истиқболи фарзандони фидокору фарзонаи миллат оғуши самимияту эътимод кушода, гаҳвораи зиёнисору ифтихори ҳар фарди садоқатпешаи тоҷику тоҷикистонӣ гардида буд.
Бо фарорасии марҳилаи истиқлолияти давлатӣ, ба хусус даврони пирӯзии ваҳдату иттиҳоди саросарӣ Душанбе дубора чун гаҳвораи эҳёи миллати соҳибтамаддуни тоҷик, хонаи умеду орзуҳои тоҷикони олам аз нуқтаи доғу пурҳаводис ба маркази тадбирҳои байналмилалӣ, мактаби таҷрибаи сулҳофарӣ мубаддал гардид.
Сиёсати сулҳҷуёнаву ваҳдатасоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон самараҳои неку бобарор овард. Бо ифодаи пуштибонҳ аз роҳи дурусту оқилона, садоқат ба муқаддасоти ватану истиқлоли миллӣ ва ҳамфикрию ҳамдилӣ бо пешвои дурандеш тамоми нерӯҳои созанда, иқтидорҳои зеҳнии мамлакат дар атрофи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ бевосита дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе ҷамъ омаданд.
Пойтахт ҳамчун маркази бузурги сиёсию фарҳангии тоҷикони сайёра 5 маротиба макони баргузории анҷумани тоҷикону ҳамзабонони бурунмарзӣ гардид.
Бори нахуст дар таърихи халқи куҳандиёри тоҷик дар пойтахти Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои сарони мамолики Осиёи Марказӣ, созмони ҳамкориҳои Шанхай, Аврупову Осиё, созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ташрифи расмии даҳҳо роҳбарони олимақоми кишварҳои муқтадири олам ва созмону ташкилотҳои бонуфузи дунё дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.
Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза бошад, бори дигар талошу ҳаракати беандозаи Тоҷикистонро дар мавриди саҳмгирӣ дар ҳалли мушкилоти мардуми сайёра сареҳу равшан собит кард.
Маҳз ҳамин далелҳои бебаҳсу воқеӣ ифодагари пешниҳоди мантиқан асосноку саривақтии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи шаҳри сулҳ эълон кардани пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад, ки зимни мулоқоти Сарвари давлати Тоҷикистон бо дабири кулли ЮНЕСКО Коитиро Матсуура дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҷонибдории қавӣ пайдо кард.