Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

18.06.2004 16:00, Қазоқистон

Баъди чошти ҳамон рӯз дар меҳмонхонаи «Интерконтинентал» маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Роберт Качорян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа иштирок намуданд.

Тибқи тартиби фаъолияти созмон, як рӯз пеш маҷлиси муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои вазирони мудофиа бо иштироки котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмон баргузор гардид. Дар маҷлис вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирқул Азимов ширкат варзиданд.

Сарони давлатҳо дар ҷараёни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории мамлакатҳои узви созмонро дар бобати андешидани тадбирҳои ҷавобӣ ба таҳдидҳо ва зуҳуроти номатлуби имрӯза, пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ, моҷароҷӯӣ ва паҳн гардидани маводи нашъадор муҳокима намуданд. Дар ин замина ҷараёни амалӣ сохтани тадбирҳои тақвияти нақши созмон дар мубориза бар муқобили терроризм, хариду фурӯши ғариқонунии маводи нашъадор ва ҷинояти муташаккилона дар ҳудуди минтақа баррасӣ шуданд.

Сарони давлатҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, ки ба манфиати давлатҳои узви созмон дахл мекунанд, аз ҷумла вазъияти ҳарбию сиёсии мамлакатҳои минтақа, масъалаҳои марбут ба фаъолияти созмон ва проблемаҳои муҳимтарини сиёсати байналхалқӣ, минтақавӣ табодули назар намуданд.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои минбаъд ташаккул додани Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва самтҳои муҳимтарини фаъолияти он дар давоми солҳои оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар маҷлис изҳороти муштараки сиёсии сарони давлатҳои узви созмон қабул карда шуд. Инчунин роҷеъ ба масъалаҳои ташкилию молиявии фаъолияти созмон маҷмӯи ҳуҷҷатҳо муҳокима шуданд.

Сарони давлатҳо баъди анҷоми маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва имзои ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ  барои хабарнигорон конфронси муштараки матбуотӣ ташкил намуданд.

Маҷлисҳои мақомоти роҳбарикунанда ва иҷроияи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Остона, бешубҳа, марҳалаи муҳими ташаккул ва таҳкими минбаъдаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои таъмини суботи вазъият ва амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ хоҳанд гашт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520