25 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаҳои ба рӯзномаи корӣ воридшуда, нахуст нақшаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2004 мавриди муҳокима қарор гирифт, ки дар ин бора мудири шӯъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодиров Мансур гузориш пешниҳод кард.
Сипас аъзои Ҳукумат якчанд лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима намуда, бо назардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Ҳукумат ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.
Ҳамчунин дар маҷлис якчанд лоиҳаи созишномаву барномаҳо, аз ҷумла «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина оид ба робитаҳои ҳавоӣ» ва «Барномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Полша дар соҳаи фарҳанг, маориф ва илм барои солҳои 2004 - 2006» маъқул дониста шуданд.
Дар асоси илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба тағйир додани номи ноҳияи Роҳи Оҳан ба номи Шоҳмансур ва дар заминаи илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт оид ба тағйир додани номи деҳоти Қазноқ ба деҳоти Нусратулло Махсум қарор қабул гардида, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.
Дар хатми кори маҷлиси навбатии Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз тадбирҳои муҳимми дар пешистода ёдрас шуда, дар бобати вусъати татбиқи барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ, авҷи корҳои саҳроӣ, таъмини шароитҳои мусоиди кору истироҳати кишоварзон, омодагӣ ба кишт ва интихобу захираи тухмиҳои хушсифат, захираи сабзавоту мева, таҳияи барномаи рушди боғу токпарварӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод.