Дар ҷараёни сафар ба Ҷумҳурии Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвари кулли ширкати холдингии бисёрсоҳаи «Кайнак» Мустафо Узҷан мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи туркӣ ва дурнамои равобит бо ин ширкати муқтадир баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар мавриди сармоягузорӣ ба иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои муштарак ва содироту воридоти бемамоният шароитҳои зарурию асосҳои қарордодию ҳуқуқӣ комилан фароҳам оварда шудааст. Ба хусус, бо Ҷумҳурии Туркия зимни сафарҳои расмии ҷавобии роҳбарони олимақоми ҳар ду кишвар як қатор созишномаҳои таъминкунандаи робитаҳои ба ҳар ду тараф самаранок ба имзо расидаанд.
Мавриди зикр аст, ки ширкати холдингии «Кайнак» дар 17 соҳа 27 корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолиро муттаҳид намуда, дар қатори дигар мамолики дунё бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои зич дорад. Аллакай, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин марказҳои тиҷоратии ширкат фаъолият дошта, соли 2003 чанд литсей ва мактаби миёнаи № 1 ш. Душанбе пурра аз ҳисоби маблағгузории ширкати «Кайнак» таъмиру таҷдид ёфт.
Сарвари кулли ширкати холдингии «Кайнак» Мустафо Узҷан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароитҳои озоди ҳамкорию сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иттилоъ дод, ки дар бобати бунёди маркази бузурги тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдории пойтахт мувофиқа ҳосил шудааст.
Ширкати холдингии «Кайнак» аз ҳисоби худ ин маркази ҷавобгӯи талаботи байналмилалиро дар 18 моҳ ба итмом хоҳад расонид. Он 11 ошёна ва дар шафати худ толори муҷаҳҳаз барои 300 нафар, инчунин истгоҳи нақлиёту нуқтаҳои тиҷоратиро дар бар хоҳад гирифт. Аллакай, дар даҳрӯзаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ 300 тонна бор, асосан масолеҳи техникии иншоот аз Истанбул ба Душанбе интиқол дода мешавад. Дигар тамоми восита ва масолеҳи сохтмонӣ аз худи Тоҷикистон ва мутахассисон низ аз ҳисоби ҷавонони маҳаллӣ бо маоши калон интихоб мегарданд.
Ҷонибҳо ин ҳамкориҳоро омили манфиатноки пешрафт, тавлиди ҷойҳои нави корӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя номида, бобати васеътар намудани доираи ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.
Баъди анҷоми сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар саммити навбатии НАТО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 29 июни соли 2004 аз Истанбул ба Ватан баргашт.