Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ

30.06.2004 14:00, шаҳри Душанбе

30 июн Раиси Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як силсила санадҳои меъёриву ҳуқуқиро имзо намуд.

Шарҳи Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намуд, ки Маркази идоракунии лоиҳаи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Муқаррар карда шуд, ки Маркази идоракунии лоиҳа ҳамоҳангсозии ҷараёни иҷрои лоиҳаи Барномаи рушди низомии маблағгузории хурдро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардонад.

Ба Маркази идоракунии лоиҳаи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шудааст, ки дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи Низомномаи Маркази идоракунии лоиҳаи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурдро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Ба Бонки Миллии Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки барои фаъолияти Маркази идоракунии лоиҳаи Барномаи рушди низоми маблағгузории хурд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулҳ ва дигар воситаҳои зарурӣ ҷудо намояд.

Ин иқдом ҳамчун идомаи мантиқӣ дар сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкории хурду миёна, дастгирии молиявии шаклҳои нави хоҷагидорӣ,  инчунин фароҳам овардани шароитҳои озоди фаъолияти муассисаҳои хусусӣ мебошад, ки дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорӣ, инчунин дар ҷараёни сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, дар асоси дархосту хоҳишҳои шаҳрвандони кишвар ба барномаҳои стратегии ҳукумат шомил гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520