Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004- 2009

30.06.2004 15:00, шаҳри Душанбе

30 июн бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани ҳавасмандии моддии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004- 2009 тасдиқ карда шуд, ки мувофиқи он аз 1 сентябри соли 2004 меъёри сарбории таълимию омӯзгорӣ барои муаллимони синфҳои 1-4 18 соат дар як ҳафта ва синфҳои 5-11 16 соат дар як ҳафта муқаррар карда шудааст.

Шарҳи Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон :

Ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, ки то 1 сентябри соли 2004 ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бо назардошти кам кардани соатҳои омӯзиш, тағйирот ворид намояд. Аз 1 сентябри соли 2004 бошад вобаста ба тағйирот дар нақшаи таълимӣ ва зиёд шудани сарбории таълимии амалкунанда музди меҳнати  омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба андозаи 25 % баланд бардошта мешавад. Шумораи умумии кормандони соҳаи маориф аз ҳисоби ҷойҳои холӣ 5 % ихтисор мегардад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки иҷрои қарори мазкурро дар доираи фонди музди меҳнати муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҳисоби маблағҳои сарфашудае, ки бо назардошти кам кардани соатҳои омӯзиш ва зиёд шудани сарбории таълимию омӯзгорӣ ба вуҷуд омадааст, таъмин намоянд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520