Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ

03.07.2004 18:00, Русия

2-3 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафт.

Мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳо дар шаҳри Москва, ки рӯзи 3 июл барпо гашт, маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба, қабл аз ҳама рушди устувори робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, бехатарии минтақавию ҷаҳонӣ, авзои кунунии сайёра, ҳамкорӣ дар доираи баъзе созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, таҳкими мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои таҳдидбори вобаста ба онро дар бар гирифт.

Дар ҷараёни сафари корҳ  ба Федератсияи Россия – шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи муваққатии худ бо губернатори вилояти Свердлови Федератсияи Россия Эдуард Россел мулоқот намуд. Ҷонибҳо доираи фарохи муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, ба хусус саҳмгузорӣ дар бунёди ГЭС-и Роғун, воридоти глинозём ба заводи алюминии Тоҷикистон, таъсиси корхонаи муштарак дар заминаи калонтарин заводи электрохимиявии Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Ёвон ва коркарди намаки ошӣ, коркарду содироти меваю сабзавот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Свердлов ва дигар масъалаҳои фарогири самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима ва баррасӣ гардиданд.

Дар мулоқот аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори заводи алюминии Тоҷикистон Абдуқодир Эрматов, Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сафар Сафаров ва аз тарафи Федератсияи Россия директори «Суал-холдинг» Виктор Вексклберг иштирок доштанд.

Дар доираи мулоқоти ғайрирасмии Москва сарони мамолики узви ИДМ дар тантанаҳои мусобиқоти аспдавонӣ барои дарёфти ҷоизаи Президенти Федератсияи Россия иштирок намуданд.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520