Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14.07.2004 12:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

14 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳаёти кишоварзони вилояти Суғд аз наздик шинос гардид. Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз калонтарин ноҳияи пахтакори вилоят буда, дастовардҳои заҳматкашони хоҷагиҳои он ҳамчун мактаби таҷрибаи хосаи заминдорӣ сол то сол эътибори қавӣ пайдо менамояд. Сарвари давлат дар хоҷагии Турсунбой Қушатови ноҳия бо деҳқонон сӯҳбати озоду самимҳ  дошт. Пешравиҳои ҳаёти кишоварзон аз натиҷаи сиёсати дуруст ва бобарори Шумост,- бо қаноатмандӣ изҳор мекарданд ба Сарвари давлат пирони рӯзгордида. Бригадаи рақами 6-уми хоҷагӣ дар 26 соли охир ҳосилнокиро аз 25-30 сентнерӣ кам накарда, қатори аввалинҳо ҳар сол нақшаи истеҳсоли пахтаро ба иҷро мерасонад. Умуман, дар хоҷагии ба номи Қушатов 1100 гектар пахтазор ва дигар зироатҳои кишоварзӣ мавҷуданд.

Дар сӯҳбат бештар ба мавзуоти фарогири инкишофи пахтакорӣ, ривоҷи шаклҳои нави хоҷагидорӣ, ҳавасмандии ҳарчи бештари деҳқонон, истеҳсоли тухмиҳои хушсифат ва истифодаи мақсадноку самарабахши замин таваҷҷӯҳ карда шуд.

Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони хориҷӣ дар вилоят соҳаи мурғпарварӣ вусъати нав пайдо кард. Комплекси агросаноатии Форс-мурғ, ки баъди таъмиру таҷдид ва насби технологияи муосир ҳамагӣ 4 моҳ боз фаъолият дорад, масъалаи таъмини аҳолӣ бо гӯшту тухми арзони паррандаро комилан ҳал намуд. Алҳол дар яхдонҳои ин корхона 70 тонна гӯшти хушсифат захира шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон диққати масъулини корхонаро ба масъалаи афзоиши саршумори мурғ, ҳамкорӣ бо дигар муассисаҳои паррандапарварии ҷумҳурӣ, бунёди корхонаҳои нави муштарак дар дигар манотиқи сарзамин, содироти гӯшту тухм ба хориҷа ва бо рақобати озоди тиҷоратӣ пайдо кардани мавқеъ дар бозорҳои минтақа ҷалб кард. Мутахассисони тоҷику эронӣ ба Сарвари  давлат бо ифодаи сипосу қаноатмандӣ аз таъмини шароитҳои мусоиди ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ваъда доданд, ки ояндаи наздик саршумори парандаро ба 500 ҳазор ва истеҳсоли солонаи гушти мурғро ба 2000 тонна мерасонанд. Таҷриба нишон дод, ки баъди 45 рӯзи нигоҳубин вазни   миёнаи ҳар сар мурғ 2,1 кг - ро ташкил медиҳад, ин дастоварди беҳтарини соҳа мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520