20 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт. Нахуст дар ноҳияи Хуросон Сарвари давлат бо меҳнаткашон вохӯрӣ намуд. Баъди пазироӣ дар хоҷагии деҳқонии «Тоҳир»-и ҷамоати деҳоти Айнии ноҳия вохӯрии Сарвари давлат бо деҳқонон озоду ошкоро муҳимтарин омилҳои халалрасони ислоҳоти кишоварзӣ, роҳҳои афзоиши ҳосилнокӣ, ҳавасмандии деҳқонон ва шароитҳои кору фароғати кишоварзонро фаро гирифт, ки пурмуҳтавою табиӣ ва самарабахш буд.