Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

20.07.2004 12:00, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Сипас сафари корӣ дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ идома ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Нозим, бригадаи рақами аввали хоҷагии ба номи Саидов, манзили истиқоматии Тоштемир Умурзоқов, беморхонаи марказӣ ва истироҳатгоҳи меҳнатию фароғатии «Сулҳ» воқеъ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Турсунзода бо вазъи кунунии ҳаёти кишоварзон, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва хурдсолон аз наздик шинос гардида, зимни мулоқотҳо баъди ошкор гардидани камбудию нуқсонҳои ҷойдошта, ба масъулин ҷиҳати ҳалли саривақтии онҳо дастур дод.

Аҳли заҳмати ноҳия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини шароитҳои мусоиди истифодаи замин, ҳавасмандии деҳқонон ва дар маҷмӯъ ислоҳоти бобарори соҳаи агросаноатӣ арзи сипос намуда,  қавл доданд, ки ҳосилнокии пахтаро ба 35 сентнерӣ мерасонанд.

Бо мақсади таъмини фароғату истироҳати хурдсолон дар ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ду баст 5316 нафар мактабиён дар истироҳатгоҳҳои меҳнатию бардамӣ, асосан фарзандони кишоварзон таътили тобистонаи худро мегузаронанд.

Дар сӯҳбат бо намояндагони кулли истироҳатгоҳҳои ноҳия, ки ҷамъ 1500 нафарро ташкил дод,  Сарвари давлат диққати онҳоро ба хонишу рафтори намунавӣ, азхудкунии забонҳои хориҷию технологияи ҳозиразамони компютерӣ, эҳсоси гарми меҳанпарастию худшиносӣ ва саҳмгирӣ дар таҳкими истиқлоли миллӣ ҷалб кард.

Дар мулоқот бо шогирдон ва устодони мактаби таҳсилоти умумии №13-и ноҳияи ба номи Ҷомӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мужда расонид, ки барои таъмини моддию техникии мактаб аз ҳисоби хазинаи эҳтиётии худ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо менамояд.

Сарвари давлат ҳамчунин дар хоҷагии ба номи Нуриддинови ноҳияи Бохтар бо деҳқонону дигар табақаҳои аҳолии хоҷагӣ сӯҳбатҳои озоду созанда намуд. Ин хоҷагӣ ҳамчун мактаби таҷрибаи пешқадами заминдорӣ 15 ҳазору 57 нафар саҳмдорони заминро муттаҳид намудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аҳли заҳмат ба Президенти ҷумҳурӣ барои сиёсати дурусту ислоҳоти бобарори кишоварзӣ арзи сипос намуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520