23 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Муҳаммад Ҳусни Муборак номаи шодбошӣ фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:
"Ҷаноби Олӣ,
боиси хурсандӣ мебошад, ки ба муносибати фаро расидани иди миллии кишваратон самимитарин табрикоти бародаронаи худро бифиристам ва ба Шумо саломатии бардавом, муваффақият ва ба мардуми дӯсти Миср пешрафт ва комёбиҳои зиёд орзу намоям.
Бо истифода аз ин фурсати фархунда рағбати самимии ин ҷонибро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ байни кишварҳоямон ва халқҳоямон, ки ба ормон ва манфиатҳои мутақобила хидмат хоҳад кард, муҷаддадан изҳор менамоям".