9 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фармондеҳи нави дивизияи 201-уми тирандози Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сергей Юдин мулоқот кард.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои низомии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳо бо Федератсияи Россия қаноатмандем, - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, - зеро дар ҷараёни ду сафари корӣ дар моҳҳои июн ва июл ба Федератсияи Россия бо Президент Владимир Путин доир ба ҳалли як қатор мушкилоти мавҷудаи муносиботи дуҷониба мувофиқа ҳосил шуд.
Дар мулоқот зикр ёфт, ки нақши дивизияи 201-уми тирандози Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди таъмини суботу амният, пешгирӣ намудани таҳдидҳои халалдор шудани марзҳои давлатӣ, умуман осоишу оромии минтақа назаррас мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Юдин доир ба рушди ҳамкориҳои низомӣ, ҳамдастии баҳри тайёр кардани кадрҳои соҳаи ҳарбӣ, ташкили машқҳои муштараки низомӣ, инчунин дарёфти роҳҳои нави таҳкими робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россия табодули афкор намуданд.