2 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Чан Дик Лионг барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Шуморо бо камоли фараҳмандӣ ба муносибати иди истиқлолияти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам самимона табрик менамоям.
Аминам, ки муносибатҳо ва ҳамкории мутақобилан муфиди кишварҳоямон дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди муштараки мо ба манфиати халқҳои ҳар ду кишвар бештар аз пештар равнақу ривоҷ хоҳад ёфт.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, дар ин рӯзи фараҳбахш саломатии комил, барори кор ва ба халқи бо мо дӯсти Ветнам сулҳу осоиш ва ободию шукуфоӣ орзу менамоям».