Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Икромуллоҳи Мақсуд

07.09.2004 17:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 7 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Икромуллоҳи Мақсуд эътимоднома қабул кард.

Баъди анҷоми маросими эътимодномасупорӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон табодули назар намуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ду маротиба афзудани ҳаҷми муомилоти тиҷоратӣ дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта миёни ду кишвар, сафарҳои ҳайатҳои иқтисодӣ ва ташкили намоиши молҳои Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили пешрафти ҳамкориҳои судманд аст.

Талабот ба маҳсулоти Тоҷикистон ,  изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, дар ин минтақа ва бозори ҷаҳонӣ зиёд аст. Ҳамзамон дар ҷодаи воридшавии Покистон ба бозори Осиёи Марказӣ, бунёди иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаи саноати сабук имконоти мусоид фароҳам омадааст.

Икромуллоҳ Мақсуд бо изҳори қаноатмандӣ таъкид кард, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ба инкишофи робитаҳои дуҷониба такони нав бахшид. Аллакай Созишномаҳои муҳимми дар ҷараёни ин сафар ба имзорасида татбиқи амалии худро пайдо карда истодаанд.

Дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои вобаста ба хатарҳои ҷиддии минтақа ва ҷаҳон, ба хусус терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ифротгароӣ, инчунин раванди барқарорсозии иқтисодии Афғонистон, омодагӣ ба мулоқоти навбатии сарони мамолики узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) мароқ зоҳир карда шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520